Декабр 03, 2016 12:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндаи ВКД-и Тоҷкистон бо мардуми Шуғнон

Сардори Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ВМКБ бо мардум, алахусус ҷавонони ноҳияи Шуғнон дидору гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи сойти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Бадахшони Тоҷикистон дар ин дидор гуфтааст, сулҳу пешрафти ҳар кишваре фақат бо ҳамкории мардум таъмин мешавад ва танҳо аз ин тариқ метавон муқобили падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир истод. Искандарзода ҳамчунин афзуд, бо кӯмаки Ҳукумати Тоҷикистон бино ва мактабҳои нав дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон ва низ манзилҳои маскунӣ барои хонаводаҳои осебдида аз ҳаводиси табиӣ дар рустои Барсем сохта шуда, ба баҳрабардорӣ расидааст.

Дар ин нишаст Нусратуллоҳ Мирзоев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон дар Бадахшон низ бо ишора ба ноогоҳии ҷавонону афтодани онҳо дар доми фиреб гурӯҳҳои такфирӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир ба лузуми мубориза бо ин гурӯҳҳо ва афзоиши сатҳи дониши ҷавонон таъкид кард.