Ҳамоиши байналмиллалии сармоягузори дар вилояти Бадахшон баргузор мегардад
Шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон мизбонӣ ҳамоиши байналмиллалии сармоягузори дар ин минтақа хоҳад буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Саъди Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузори ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои моллӣ ва байналмиллалӣ, шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ва сармоягузорони дохилӣ ва кишварҳои минтақа ширкат хоҳанд кард.
Вай ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳро ҷазби сармояи хориҷӣ барои рушди бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, энергия, ҳамлу нақл ва гардишгарӣ дар вилояти Бадахшон унвон кард.
Аммо коршиносон муътақиданд, ки ба далели куҳистони ва дурафтода будаи вилояти Бадахшон набуди парвози ҳавопайпоҳо ба ин минтақа ва вазъияти номуносиби масири иртиботии замини миёни пойтахти кишвар бо шаҳри Ғоруғ монеъи ҷидди дар роҳи ҷазби сармояи хориҷӣ барои рушди вилояти Бадахшон мебошад.
Чунон чи тарзи бозсозии масири Душанбе ба шаҳри Хоруғ, ки беша аз 500 километр аст аз соли 2015 ҳамвора ба таъхир меафтад.