Август 11, 2022 12:47 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни Тоҷикистон, Беларусия, Русия ва Ветнам барои ширкат дар маусобиқоти байналмиллалии  артишҳои чанд кишвар вориди ин минтақа шуданд
    Низомиёни Тоҷикистон, Беларусия, Русия ва Ветнам барои ширкат дар маусобиқоти байналмиллалии артишҳои чанд кишвар вориди ин минтақа шуданд

Вазири дифоъи Тоҷикистон дар маросими поёнии размоиши муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат кард.

Размоиши муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон "Иттиҳоди 2022" аз 3-уми август дар  Тирмиз дар наздикии марзи Афғонистон оғоз шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар,  Шералӣ  Мирзо вазири дифоъи Тоҷикистон  дар марлаҳаи поёнии размоиши муштараки низомиёни Узбакистон бо раванди  набард аз роҳи дур, тахлияи маҷрӯҳон, дафъи ҳамлаи душман фарзӣ ошно шуд.

Низомиёни Тоҷикистон, Беларусия, Русия ва Ветнам барои ширкат дар маусобиқоти байналмиллалии  артишҳои чанд кишвар, ки дар  размоишгоҳи Фориш дар ҳавзаи маркази низомии Узбакистон баргузор мешавад вориди ин минтақа шуданд.

 Ҳамчунин дар дидори Шералӣ Мирзо вазири дифоъи Тоҷикистон ва Баҳодур Қурбонов вазири дифоъи Узбакистон таъкид шуд мавзӯъоти ҳамкориҳои дукишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, балки дар ҳавзаи дифоъӣ ва амниятӣ ба сатҳи болое расидааст.

Барчасп