Ширкати Тоҷикистон дар ҳамоиши иқтисодии кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд
Ҳайати Тоҷикистон ба раёсати муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорат дар дувумин ҳамоиши иқтисодии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд, пойтахти Узбакистон ширкат хоҳад кард.
Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин ҳайат ба раёсати Ашурбой Солеҳзода дар дувумин ҳамоиши иқтисодии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат ва дидгоҳи худро дар бораи роҳҳои тақвияти равобити иқтисодии ин созмон баён хоҳад кард.
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти Тошканд роҷеъ ба зарурати амалисозии иқтисоди диҷиталӣ, истифода аз фанновариҳои ҷадиди иртиботӣ ва сармоягузорӣ дар бахши саноат баҳсу табодули назар хоҳанд кард.
Дар ҳошияи ин ҳамоиш дидорҳои ду ва чандҷонибаи намояндагони кишварҳои узви СҲШ барои баррасии вазъи феълии ҳамкориҳо ва дурнамои рушди муносибот дар замининаҳои иқтисодиву тиҷорӣ, саноат ва маъдан, нақлиёт ва транзит мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.