Август 13, 2022 10:59 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои таъмини ниёзи мардуми ин кишвар ба маводи ғизоӣ бахше аз захоири арзии Бонки Миллиро ҳазина кардааст
    Тоҷикистон барои таъмини ниёзи мардуми ин кишвар ба маводи ғизоӣ бахше аз захоири арзии Бонки Миллиро ҳазина кардааст

Бонки Рушди Авруосиё мизони захоири арзии Бонки Миллии Тоҷикистонро дар поёни шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 2 миллиарду 900 миллион доллар эълом кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВиқ,  дар гузориши Бонки Рушди Авруосиё  таъкид шудааст, ки таи ду соли ахир Тоҷикистон барои таъмини ниёзи мардуми ин кишвар ба маводи ғизоӣ бахше аз захоири арзии Бонки Миллиро ҳазина кардааст.

Фирдавси Толибозода муовини Бонки Миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахир дар Душанбе гуфта буд, ки мизони ҳазинаи ҳар моҳи захоири арзии  ин ниҳод  таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 358 миллилон доллар буда, ки ба таври кулли барои воридоти маҳсулот аз хориҷ харҷ шудааст.

Аз Сӯйи дигар асосан гузориши Рушди Авруосиё мизони захоири арзии Арманистон дар авоили моҳи  июли соли ҷорӣ 3 миллиарду 400 миллион доллар, Беларусия 7 миллиардлу 500 миллион доллар, Қазоқистон 32 миллиард доллар,  Қирғизистон 2 миллиарду 600 миллион доллар, Русия 584 миллиарду 100 миллион доллар эълом шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп