Август 13, 2022 12:36 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии вазъияти иқтисодии вилояти Суғд аз суйи Эмомалӣ Раҳмон
    Арзёбии вазъияти иқтисодии вилояти Суғд аз суйи Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон дар поёни сафри чаҳор рӯзаи хеш ба вилояти Суғд вазъияти иқтисодии ин минтақаро мавриди арзёбӣ қарор дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо масъулони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон таъкид кард, ки барои таъмини ниёзи мардум ба маводи ғизоӣ бояд дар шароити бӯҳронии  ҷаҳонӣ барномарези шавад.

Вай гуфт, ки рушди иқтисодии  вилояти  Суғд тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 7.4 дарсад будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиши 1.3  дарсадро нишон медиҳад.

Бо вуҷӯди тавлиди панҷуним миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ дар ин муддат дар вилояти Суғд барномаи кишти картошка ва пахта иҷро нашудааст.

Вай таъкид кард тайи шаш моҳи нахусти  соли ҷорӣ ба иқтисоди вилояти Суғд 83 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷазб шуда, ки 95 дарсади ин маблағ ба шаҳри Гулистон ихтисос ёфта ва бақияи манотиқи шимолии Тоҷикистон дар ҷазб сармояи хориҷӣ номуваффақ будаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати таъсиси корхонаҳои ҷадиди санъатӣ таъкид кард ва гуфт, ки тайи ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 90 маркази тавлиди ва коргоҳ ифтитоҳ шуда, ки барои 2 ҳазор ва 100 нафар фурсати шуғлиро эҷод кардаанд.

 

 

Барчасп