Кам шудани теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ
(last modified Sun, 14 Aug 2022 13:48:24 GMT )
Август 14, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Кам шудани теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ
    Кам шудани теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ

Мудири маркази имтиҳоноти Тоҷикистон аз кам шудани теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои ин кишвар дар соли ҷориро хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Сабзалӣ Ҷаъфарзода гуфт, ки дар соли ҷорӣ раванди сабтиноми довталабони вуруди ба донишгоҳҳои Тоҷикистон баёнгари аз кам шудани ин афрод мебошад.

Мудири маркази миллӣ имтиҳоноти Тоҷикистон таъкид кард, ки дар соли 2020 теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон беш аз сад ҳазор нафар буд, ки дар соли 2021 ин шохис ба камтар аз 91 ҳазор нафар расид, аммо дар соли ҷорӣ танҳо 82 ҳазор нафар барои вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикситон сабтином карданд. Ҳамчунин теъдоди товталабон дар фанҳои илмҳои дақиқ дар муқоиса бо муддати мушоҳеб соли қабл 12 дарсад коҳиш дошта аст.

Вай афзуд: Барои мушахас кардани далели коҳиши теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар 3 соли ахир бояд назарсанҷи анҷом шавад, аммо коршиносон мушкили камбуди шуғл барои  хатмкунандагони донишгоҳҳои Тоҷикистонро далели кам шудани теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳо унвон мекунанд.