Август 14, 2022 19:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории понздаҳумин ҷашнвораи байналмиллалии ҳунар ва гардишгарӣ дар вилояти Бадахшон
    Баргузории понздаҳумин ҷашнвораи байналмиллалии ҳунар ва гардишгарӣ дар вилояти Бадахшон

Понздаҳумин ҷашнвораи байналмиллалии ҳунар ва гардишгарӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон рӯзҳои 19 то 21 августи соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи раёсати вилояти Бадахшон ин ҷашнвораи байналмиллалӣ таҳти унвони Боми Ҷаҳон ба унвони муъаррифии ҳунару фарҳанги мардуми вилояти Бадахшон бо ширкати ҳунармандон, нақошон ва аҳли мусиқии кишварҳои Австрия, Узбакистон, Покистон, Фаронса, Ҳинд, Ҳоланд, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш нишастҳои тахассуси барои ошноӣ бо фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии сокинони вилояти Бадахшон, намоишгоҳи осорҳои нақоши ҳунармандони хориҷӣ, муъаррифи ғизоҳои маҳаллӣ ва намоиши ҳунармандони театри Бадахшон барномарези шуда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон рӯзҳои 17 то 18 августи соли ҷорӣ ҳамоиши байналмиллалии сармоягузори "Pamir Invest-2022" барои баррасии роҳҳои тақвияти сармоягузори дар бахшҳои саноати сабук ва маъдан, тавлиди маводи ғизоӣ, гардишгарӣ ва фарҳангӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп