Декабр 03, 2016 15:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкид ба нақши СПАД дар суботи Осиёи Марказӣ

Коршиносону намояндагони узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳамоише дар Душанбе нақши ин созмонро дар ҳифзи суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, дар ин ҳамоиш ширкаткунандагон дар суханрониҳои худ ба нақши муҳими Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар мубориза бо чолишҳои ҷадид ва таҳдидоте монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид карданд.

Зарурати истифода аз иқдомоти муштараку  ба мавқеъ аз сӯйи аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои мубориза бо таҳдидоти навини ҷаҳони муосир аз дигар мавзӯъҳои мавриди таъкиди суханронон дар ин нишаст буд. Коршиносони ширкаткунанда ҳамчунин аз авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон пас аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии он ва таъсир он бар Осиёи Марказӣ ибрози нигаронӣ карданд. Ширкаткунандагон ба тақвияти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба унвони нерӯи аслии мубориза бо таҳдидҳои бархоста аз ноамнӣ дар Афғонистон ва низ афзоиши ҳамкории иттилоотӣ, омӯзишӣ ва фаннии аъзои ин паймон ва иҷрои амалиёти муштарак дар мубориза бо терроризм таъкид карданд.

 Ҳамоиши “Нақши Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар ҳифзи суботи Осиёи Марказӣ” дар Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон баргузор шуд.