Имзои тафоҳумномаи мақомоти иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i89984-Имзои_тафоҳумномаи_мақомоти_иқтисодии_Тоҷикистону_Қазоқистон
Мақомоти Амонатбанки Тоҷикистон ва “ KazakhExport ”- Қазоқистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2022 06:34 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи мақомоти иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон

Мақомоти Амонатбанки Тоҷикистон ва “ KazakhExport ”- Қазоқистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкати содироту бимаи “ KazakhExport ” тасмим гирифтааст аз ҳар гуна пешниҳоду дархости корофаринони тоҷик, ки колову маҳсулотро аз Қазоқистон ворид мекунанд, бо ҳамкории “ Амонатбанк ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят кунад .
Ин матлабро Колигозин Аслон-раиси ҳайати мудираи ширкати содироту бемаи Қазоқистон бо номи “ KazakhExport ” дар дидор бо Сироҷиддин Икромӣ-раиси ҳайати мудираи банки давлатии Тоҷикистон “ Амонатбанк ” дар Душанбе баён кард .
Сироҷиддин Икромӣ хотирнишон кард Амонатбанк омодаи ҳимоят аз корофаринони дохилӣ дар тавсеаи касбу корҳои кучаку мутавассит ва​ ёфтани шуракои қобили эътимод ва тавсеъаву осонсозии воридоти колоу маҳсулот аз Қазоқистон дар раванди сиёсати давлати Тоҷикистон аст .
Пас аз дидору гуфтугӯи байни “ Амонатбанк ”-и Тоҷикистон ва ширкати содироту бема “ KazakhExport ” тафоҳумномае мабнӣ бар афзоиши маблағи изофии кумаки молӣ то сақфи 15 миллион доллар имзо шуд.