Август 17, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи мақомоти иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон

Мақомоти Амонатбанки Тоҷикистон ва “ KazakhExport ”- Қазоқистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкати содироту бимаи  KazakhExport ” тасмим гирифтааст аз ҳар гуна пешниҳоду дархости корофаринони тоҷик, ки колову маҳсулотро аз Қазоқистон ворид мекунанд, бо ҳамкорииАмонатбанк ” Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоят кунад .
Ин матлабро Колигозин Аслон-раиси ҳайати мудираи ширкати содироту бемаи Қазоқистон бо номи  KazakhExport ” дар дидор бо Сироҷиддин Икромӣ-раиси ҳайати мудираи банки давлатии Тоҷикистон “ Амонатбанк ” дар Душанбе баён кард .
Сироҷиддин Икромӣ хотирнишон кард Амонатбанк омодаи ҳимоят аз корофаринони дохилӣ дар тавсеаи касбу корҳои кучаку мутавассит ва ёфтани шуракои қобили эътимод ва тавсеъаву осонсозии воридоти колоу маҳсулот аз Қазоқистон дар раванди сиёсати давлати Тоҷикистон аст .
Пас аз дидору гуфтугӯи байниАмонатбанк ” Тоҷикистон ва ширкати содироту бема “ KazakhExport ” тафоҳумномае мабнӣ бар афзоиши маблағи изофии кумаки молӣ то сақфи 15 миллион доллар имзо шуд.