Август 17, 2022 19:19 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
    Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тафсилоти тағйироти кадриеро, ки дар мувофиқа бо Президент - Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд, ироа намуд.

Ба гузориши “Спутник”, полковник Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ қаблан сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ буд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин генерал-майор Насимзода Акбар Ғиёс ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъйин шуд.

Инчунин полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро гирифтааст.

Шарифзода Темур Икром ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Полковник Абдулҳайзода Шодмон Убайдулло ба вазифаи командири баталиёни таъйиноти махсуси Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб шуд.

Майори милитсия Шамсулозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Майор Сафаралиев Мирзоали Шералиевич ба вазифаи командири баталиёни алоҳидаи фаврии таъйиноти махсуси (қисми ҳарбии 3504) Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб шуд.

Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин дар ВКД аз авзои минтақа ва ҷаҳон суҳбат карда, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро таъкид намудаст.

 

Барчасп