Коршиноси соҳаи варзиш: Мақоми 29 –ум дар шаъни Тоҷикистон нест
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Қунияи Туркия доир шуд, ба поён расид ва Тоҷикистон мақоми 29-умро касб кард.
Ба гузориши “Спутник”, бо натиҷагирӣ аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ кошиносон бар ин назаранд, ки бахши варзиш дар Тоҷикистон бояд куллан бозбинӣ ва ба соҳа бояд ҷиддӣ муносибат шавад.
Тими варзишгарони тоҷик, ки иборат аз 46 варзишгар буданд, дар миёни 54 кишвари дигар ширкат карданд ва танҳо бо 8 медал – 3 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷойгоҳи 29-ум қарор гирифтанд.
Зинаи аввалро Туркия бо 229 медал, (89 тилло, 80 нуқра, 60 биринҷӣ), мақоми дуюмро Ӯзбакистон бо 112 медал (40 тилло, 28 нуқра, 44 биринҷӣ) ва ҷойгоҳи сеюмро Эрон бо 110 медал (37 тилло, 22 нуқра, 39 биринҷӣ) соҳиб шуданд.
Кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ назири Қазоқистон бо 63 медал (19 тилло, 18 нуқра, 26 биринҷӣ) дар зинаи панҷум, Қирғизистон бо 7 тилло, 6 нуқра,7 биринҷӣ дар ҷойи нуҳум ва Туркманистон бо 3 тиллову 3 биринҷӣ ва 5 нуқра мақоми 12-умро гирифтанд
Аммо нишондодҳои Тоҷикистон, ки ҳатто як медали тилло дар корномаи варзишгаронаш дар ин мусобиқот нест, боиси норизоиятии ҳаводорони варзиш ва коршиносони соҳа гардида, танқидҳое низ сари ниҳодҳои варзиши кишвар равон шуд.
Ба андешаи таҳлилгари фарҳехтаи риштаи варзиш ва муттахасиси соҳа Муҳаммадрозиқ Неъматов, ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистон нест!
Ба андешаи ӯ нишондоди кишвар дар баробари ҳамсояҳо бисёр ноумедкунанда аст.
Вай афзуд: Ҷои 29-ум дар шаъни Тоҷикистони мо нест. Пушти ҳар як куҳу дараи мо ҳазорҳо ҷавонони хушистеъдод ҳаст ,ки дар варзишҳои мухталиф метавонанд барои тоҷик ифихору сарбаланди ва обруй биёваранд .Онҳо метавонанд номи тоҷику Тоҷикистон ба каҳкашонҳо бирасонанд. Фақат раҳнамоии дуруст ва пуштибонии лозим ба кор аст то онҳо рушду пешрафт кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ сар аз соли 2005 доир мешавад, он замон дар ин бозиҳо Дилшон Назаров ба Тоҷикистон медали тилло оварда буд.