Август 21, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эмгузаронии корона дар Тоҷикистон

Раванди тазриқ ё эмгузаронии воксани корона дар Тоҷикистон идома дорад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард то кунун 5.3 миллион нафар ( 94.9 дарсад ) дозаи аввал, 5.22 миллион нафар ( 93.3 дарсад ) дозаи дувум ва 4.9 миллион нафар ( 88 дарсад ) дозаи сеюми воксани коронаро тазриқ карданд .
Ҳамчунин бар асоси омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон то кунун 18290000 доза аз воксани зидди Ковид-19 ба Тоҷикистон ворид шудааст . Бар асоси иттилооти расмӣ охирин мавриди ибтило ба вируси корона дар Тоҷикистон 18 феврали 2022 сабт шуд . Ҳамчунин бар асоси бахшнома вазоратхонаҳову созмонҳо муваззаф шуданд « иқдомоти пешгиронаву зиддиуфунӣ»-ро идома диҳанд, зеро ҳамагирии вируси корона ҳануз ба поён нарасидааст.