Август 23, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар байни 10 кишвар бо бештарин донишҷӯ дар Русия

Тоҷикистон дар байни 10 кишваре аст, ки бештарин донишҷӯро дар донишгоҳҳои Русия дорад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, бештарин донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои иқтисоди Русия аз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Беларус, Ветнам, Абхазия, ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск, Молдова, Чин ва Ҳинд ҳастанд.

Олег Ростробов, раиси Донишгоҳи дӯстии мардуми Русия ҳамчунин гуфт, дар соли ҷории милодӣ донишгоҳҳои ин кишвар бештарин мизони донишҷӯро аз кишварҳои Чин, Ветнам, Эрон, Туркманистон ва Афғонистон пазириш кардааст.

Виктор Садовничий, раиси Донишгоҳи Маскав низ дар ин бора мегуяд, бештар аз 80 дарсад аз донишҷӯёни ин донишгоҳ аз шарқ, шимолу ғарби Осиё ҳастанд.

 

Барчасп