Август 26, 2022 20:00 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ
    Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ

Тоҷикистон дар моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 64. 5 миллион доллар ба хориҷ барқ содир кардааст, ки нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта 17. 2 дарсад бештар аст.

Масрафкунандаи аслии барқи Тоҷикистон Афғонистон аст ва Узбакистон низ бо ҳаҷми нисбатан камтаре барқи Тоҷикистонро харидорӣ мекунад.

Бар асоси қардодҳои имзошудаи Афғонистон барои ҳар киловатт соат барқи Тоҷикистон 4. 67 сент ва Узбакистон 2 сент пардохт мекунад.

Нархи пойин барои Узбакистон ба ин далел аст, ки Тоҷикистон низ ба навбати худ гази табиии ин кишварро бо қимати коҳишёфта дарёфт мекунад.

Пеш аз ин дар оғози моҳи ҷорӣ мудирияти ширкати «Барқи Тоҷик» гузориш дода буд, ки мавориди таъхири барқ ба далели мушкилот дар шабакаҳои барқи Афғонистон дар соли ҷорӣ нисбат ба солҳои гузашта коҳиши чашмгире доштааст.

Дар ҳамин ҳол ширкати «Брешно»-и Афғонистон ба ширкати «Барқи Тоҷик» 28 миллион доллар қарздор аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп