Хариди либоси мактабӣ дар остонаи бозкушоии мактабҳои Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90408-Хариди_либоси_мактабӣ_дар_остонаи_бозкушоии_мактабҳои_Тоҷикистон
Хариди либоси мактабии донишомӯзон аз мушкилоти волидайн дар Тоҷикистон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 28, 2022 09:20 Asia/Dushanbe

Хариди либоси мактабии донишомӯзон аз мушкилоти волидайн дар Тоҷикистон аст.

Теъдоде аз волидайн мегӯянд, ки мактабҳо бо ширкатҳову бунгоҳҳои дӯзандагии ҷудогона қарордод бастаанду либоси мактабӣ бисёр гарон ва хариди он барои хонаводаҳои дорои фарзанди зиёд мушкил аст.

70 корхонаи дӯзандагӣ дар Тоҷикистон либосҳои формаи мактабӣ медӯзанд, ҳамчунин имсол ҳудуди 1 миллиону 500 ҳазор ҷуфт либоси донишомӯзӣ дар Тоҷикистон бояд дӯхта шавад.

Назароти мухталифи теъдоде аз волидайни донишомӯзон, Хушмуҳаммад Муҳаммадов, мудири Иттиҳоди нассоҷии Тоҷикистон ва Ҷалолиддин Амиров, масъули Вазорати маорифро метавонед бишнавед.