Август 29, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо минтақаи Свердловски Русия
    Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо минтақаи Свердловски Русия

Чашмандози ҳамкории тиҷориву иқтисодӣ байни манотиқи Тоҷикистону Свердловски Русия баррасӣ шуд.

Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия дар сафар ба шаҳри Екатеринбург бо раиси минтақаи Свердловск дидор кард.

Тарафайн дар мавриди вазъияти кунунии равобит байни манотиқи Тоҷикистон ва Свердловски Русия дар заминаҳои мухталиф ва ҳамчунин чашмандози ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ табодули назар карданд.

Дар хусуси густариши ҳамкориҳои байниминтақаӣ, бавижа дар заминаҳои омӯзишӣ, беҳдошту дармон, муҳоҷирати нерӯи кор, фарҳанг, гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар мактабҳои олии минтақаи Свердловск ибрози алоқа шуд.

Дар идомаи ин дидор сафири Тоҷикистон бар аҳамияти истифода аз зарфиятҳои мавҷуд барои густаришу тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ ва ҷазби сармоя ишора кард.

 

 

Барчасп