Кушта шудани се шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бар асари садама
Дар паи садамае ки дар бузургроҳи Урали шаҳри Сизран дар минтақаи Самараи Русия байни як худрав ва як мошини боркаш рух дод, се ҷавони тоҷикистонӣ кушта шуданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, ронанда ва яке аз сарнишинони худрав, ки дучори зарбаи мағзӣ шуда ва ба таври муъҷизаосое ҷони солим ба дар бурданд, ҳамакнун дар бемористон ҳастанд .
Бар асоси ин гузориш сарконсулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа омодагии худро барои ироаи кумакҳои лозим ба бастагони кушташудагон ва маҷрӯҳон эълом кард .
Сарконсулгарии Тоҷикистон дар Уфа хотирнишон кард : Ин парванда дар сафорату сарконсулгарӣ таҳти контрол аст, аммо ҷузъиёти бештаре гузориш нашудааст .
Каримҷон Ёров-фаъоли ҳуқуқи башар аввалин касе буд, ки дар мавриди садамаи тоҷикҳо дар бузургроҳи Урал гузориш дод.