Август 31, 2022 11:29 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Роҳҳои тавсеаи ҳамкории порлумонии Тоҷикистон ва Ҷумҳўрии Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, зимни мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистон ва Озарбойҷон, алахусус ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ҳарду кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду мамлакат ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши алоқаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ иброз доштанд.