Варзишкорони тоҷик аз Мусобиқоти байналмилалии Қазоқистон бо медалҳои тилло баргаштанд
Ҷудокорони тоҷик аз Мусобиқоти байналмилалии Қазоқистон бо нишони тилло бозгаштанд.
Бино ба гузориши сомонаи Ховар, шаби 29 август варзишгарони навраси тоҷик — Сомон Турсунзода ва Холмаҳмад Пиров, ки дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон (27-28 август) сазовори ҷойҳои якум ва медалҳои тилло шуда, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, ба Ватан омаданд.
Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ҳисор пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб карда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ миёни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.
Паҳлавони навраси тоҷик Холмаҳмад Пиров низ дар мусобиқаи мазкур дар вазни то 50кг тавонист бар ҳарифонаш аз давлатҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ғолиб омада, сазовори медали тилло гардад.
Дар мусобиқа ба ифтихори ин наврасони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон боло бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.