Сентябр 01, 2022 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҷаҳонии об
    Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҷаҳонии об

Шараф Шерализода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи Ҳафтаи ҷаҳонии об бо номи “дидани нодиданиҳо: арзиши об” ширкат кард.

Муассисаи байналмилалии оби Стокголм ин ҳамоишро аз соли 1992 бо ҳамкории соири созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ баргузор мекунад.

Ҳафтаи ҷаҳонии об - 2022 аз 23 август дар Стокголми Шветсия оғоз ва то 1 сентябр идома дорад.

Дар ин рӯйдод се мавзуи арзиши об барои мардум ва тавсеа, аҳамияти об барои табиату тағйироти иқлим ва арзиши моливу иқтисодии он тамаркуз дорад.

 

Барчасп