Сентябр 01, 2022 12:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури гуштигирони Тоҷикистон  дар мусобиқоти ҷаҳонии Белград
    Ҳузури гуштигирони Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷаҳонии Белград

Тоҷикистон бо се нафар дар Мусобиқоти ҷаҳонии гуштӣ ширкат мекунад.

10 то 18 сентябр Мусобиқоти гуштии қаҳрамонии ҷаҳон дар Белгради Сербия баргузор мешавад.

Бар асоси эъломи Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ 800 гуштигир аз 73 кишвар барои ҳузур дар ин мусобиқот эъломи омодагӣ карданд.

Мусобиқот дар 10 вазни гуштии озод, 10 вазни гуштии фарангӣ ва 10 вазни бонувон баргузор мешавад.

Муҳаммад Икромов дар вазни 57 килограм, Ҳикматуллоҳ Воҳидов дар вазни 61 килограм ва Шуҳрат Бузургов дар вазни 79 килограм, 3 гуштигири тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии Белград ҳастанд.

 

Барчасп