Апрел 13, 2024 12:53 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии куштигири рус ба финали мусобиқоти осиёӣ бо парчами Тоҷикистон

Куштигири рус бо парчами Тоҷикистон ба финали мусобиқоти қаҳрамони Осиё роҳ ёфт.

Виктор Расадини 30 сола, ки дар поёни соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт кард дар финал бо куштигири японияӣ рақобат хоҳад кард.

Намояндаи 30 солаи Тоҷикистон дар 74 килограмм  дар даври нахуст бо натиҷаи 11 бар сифр намояндаи Кореяи ҷанубиро шикаст дод.

 Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ намояндаи Тоҷикистон пас аз ғалаба бар ҳарифи қирғизистонӣ бо натиҷаи 9 бар сифр ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

 Расадин дар ниманиҳоӣ ба намояндаи Туркманистон бо натиҷаи 14 бар 4 пирӯз шуд ва ба финали мусобиқот роҳ ёфт.

 Ба ин тартиб Расадин ҳамакнун аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот аст, ки ба финал роҳ меёбад.

 

Барчасп