Сентябр 01, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Арабистон

Байни додситониҳои кулли Тоҷикистону Арабистони саъудӣ дар заминаи ҳамкориҳои мухталифи тафоҳумнома ба имзо расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Юсуф Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон дар сафари корӣ ба Арабистони саъудӣ бо Сауд Абдуллоҳ ал Муоҷиб-додситони кулли ин кишвар дидор кард.
Дар ин дидор мубориза бо тероризми байналмиллалӣ ва ифротгароӣ, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои амниятӣ дар хоки Арабистони саъудӣ ва дигар намунаҳои ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ шуд .
Ба манзури иҷрои тавофуқоти ба дастомада ва расмияти бахшидан ба онҳо дар чорчӯби муъоҳидоти байналмилалӣ тафоҳумномае байни додситонии кулли Тоҷикистону Арабистони саъудӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи амнияти миллӣ, таъмини молии он ва пулшӣ ба имзо расид .
 

 

Барчасп