Сафари вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ба Русия
Сентябр 01, 2022 19:33 Asia/Dushanbe
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон барои машварат бо ҳамтои русии худ дар бораи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дифоӣ ба Маскав сафар мекунад .
Тоҷикистон ба Русия пештар чанд тавофуқнома дар заминаҳои амниятӣ, ҳамкории байни ниҳодҳои назоратӣ, иқтисодӣ,роҳи оҳан, ҳамлу нақл, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ имзо кардаанд .
Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Русия бо Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи ин кишвар дидор ва сиёсати муҳоҷиратӣ, омӯзиши кормандон, иқдомоти муштарак дар амнияти зистӣ аз ҷумла чолишҳои уфунӣ ва амнияти иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод .