Сафари вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90606
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон барои машварат бо ҳамтои русии худ дар бораи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дифоӣ ба Маскав сафар мекунад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 01, 2022 19:33 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон ба Русия

Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон барои машварат бо ҳамтои русии худ дар бораи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва дифоӣ ба Маскав сафар мекунад .

Тоҷикистон ба Русия пештар чанд тавофуқнома дар заминаҳои амниятӣ, ҳамкории байни ниҳодҳои назоратӣ, иқтисодӣ,роҳи оҳан, ҳамлу нақл, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ имзо кардаанд .

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Русия бо Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи ин кишвар дидор ва сиёсати муҳоҷиратӣ, омӯзиши кормандон, иқдомоти муштарак дар амнияти зистӣ аз ҷумла чолишҳои уфунӣ ва амнияти иттилоотиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод .