Маҳофили тиҷории Тоҷикистону Туркия дар Душанбе гирдиҳам меоянд
Ҳайате муташаккил аз тоҷирони Туркия ба раёсати раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати ин кишвар, 4 сентябр ба манзури тақвияти равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Ба гузориши Форс, ҳайате муташаккил аз тоҷирони Туркия таҳти раёсати раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати ин кишвар рӯзи якшанбе аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб, ҳадаф аз сафари ҳайати Туркия ба ин кишварро баррасии масоили марбӯт ба тақвияти ҳамкорӣ дар чорчӯби ёздаҳумин ҷаласаи Комиссиюни муштараки байн давлатии ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар унвон кард.
Ҳайати Туркия дар чорчӯби ин сафар бо раёсат ва намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатӣ, Утоқи бозаргонӣ ва саноати шаҳрдори шаҳри Кӯлоб дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе дар чорчӯби сафари ҳайати маҳофили тиҷории Туркия дидори рӯ дар рӯи тоҷирони тоҷику турк барномарезӣ шудааст.
Илова бар ин, дар минтақаи Данғара ҳамоиши дуҷонибаи минтақаӣ бо мушорикати тоҷирони вилояти Хатлон ва шаҳри Қунияи Туркия баргузор хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш намояндагони манотиқи озоди иқтисодии Данғара ва Кӯлоб ширкат хоҳанд кард.