Сентябр 02, 2022 18:35 Asia/Dushanbe

Тими футзали Ориёнбонк барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии ،Тими футзали "Ориёнбонк" барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд, ки бахшида ба Рӯзи истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
 12 даста ширкат карданд, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ ба се гурӯҳ тақсим шуданд.
Дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ футзалбозони "Ориёнбонк" ва "Рахш-Такси" ба майдон баромадаанд. Дар ин нерӯсанҷӣ кормандони бонк бо ҳисоби 5:1 ғалаба карданд.
ФФТ афзуд, ки барои ҷойи севум дастаҳои "Вавилон" ва "Соро компания-2" бо ҳам вохӯрданд. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ - 3:3 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои 11-метрӣ, бахт ба рӯйи футзалбозони "Соро компания-2" хандид ва ҳисоб 4:2 шуд, афзуд манбаъ.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи Ҷоми ФФТ Сироҷиддин Ҳусейнов аз дастаи "Ориёнбонк" ва беҳтарин дарвозабон ва ҳамдастааш Ибод Назиров беҳтарин нишонзани мусобиқа эълон гардид. Беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаи "Рахш-Такси" Орзу Додхудоев эътироф шуд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки дар ин мусобиқа дастаҳо аввал аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Сипас ҳашт даста ба чорякфинал роҳ ёфт. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ сурат гирифтаанд.