Кушоиши намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзиву саноатии Суғд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i90808
Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ дар вилояти Суғд дар ҳоли баргузорӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 05, 2022 10:23 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ дар Суғд
    Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ дар Суғд

Намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ дар вилояти Суғд дар ҳоли баргузорӣ аст.

Намоишгоҳ ба муносибати сивуякумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон то 9 сентябр доир аст.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои кишоварзиву кишоварзон маҳсулоте, аз ҷумла себзаминӣ (картошка), пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, мева ва ширро бо қимате арзонтар аз бозор ба аҳолӣ арза мекунанд.