Самбуса,хӯрокии дӯстдоштанӣ дар Тоҷикистон
Панҷуми сентябр дар тақвими ҷаҳонӣ ба исми " самбуса " номгузорӣ шудааст .
Ҳадаф аз ин номгузорӣ он аст, ки илова бар муаррифӣ афрод ба истифодаи як бор аз ин ғизои лазиз тарғиб шаванд.
Самбусаро метавон ба унвони як пешғизои хушмаза ё як ваъдаи ноҳори сабук дар назар гирифт . Самбуса навъҳои мухталифе дорад, ки дар таҳияи он аз нони лавош, ки даруни он картошка ба ҳамроҳи гушт ва қаламфуру адвияҳо вуҷуд дорад .
Фотимаи Сафойӣ-коршиноси ошпазӣ дар гуфтугу бо ИСНА дар хусӯси пешинаи ин ғизо изҳор кард : Самбуса ё санбуса як пешғизои хушмазаву хуштаъмаст, ки решаи пайдоиши ин хӯрок ба Ховари Миёна бармегардад . Ин хурокии ҷаззоб дар ҷаҳон тарафдорони хоси худро доранд ва ба унвони пешғизои маҳбуб аз он ёд мешавад .
Ин коршиноси ошпазӣ хотирнишон кард : Самбуса аз қарни ҳудуди даҳуми милодӣ дар Ховари Миёна ба вуҷуд омадааст ва туҷҷори Осиёи марказӣ ин ғизоро дар қарни сездаҳуму чаҳордаҳум ба Ҳинд ворид карданд .
Самбуса дар кишварҳои мухталиф бо маводи ғизоии мутафовит пухта мешавад, дар Бангладеш байни нони самбуса ҷигари сафеди гӯсфанд ва гусола мегузоранд .
Самбуса ба вуфур дар Покистон ва ҳамчунин дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҳиндустон хӯрокии маҳбуб маҳсуб мешавад
Бештар бихонед :