Январ 20, 2024 12:59 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ташаъшуъи атомӣ дар маводи ғизоии Тоҷикистон

Ожонси байналамиллалии энергии атомӣ ба Тоҷикистон кумак мекунад, то мавод ғизоиро аз назари эминии ташъшуъ баррасӣ кунад.

Нишасте дар Душанбе дар мавриди иҷрои проекти миллии Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ; "тақвияти зарфияти поиши радионуклидӣ (radionuclide) дар хӯрок, ғизо ва об" баргузор шуд.

 Ба гузориши Спутник, дар ин дидор, ки дар Маркази миллии ташхиси Кумитаи амнияти ғизоии Тоҷикистон баргузор шуд, ба намояндагӣ аз Ожонси байналмиллалии энергии атомӣ, Матин Аҳмадов, муовини Ожонси эминии химиёвӣ, биологӣ, ташъшуъӣ ва ҳастаии Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва раиси идораи равобити байналмиллалии Ожонс байналмиллалии энергии атомӣ ҳузур ёфтанд.

 Барои иҷро шудани ин проект аз соли 2018 то имрӯз абзорҳои пешрафтаи он харидорӣ ва як озмоишгоҳи радиометрӣ бо тамоми таҷҳизоти озмоишгоҳӣ эҷод шудааст.

 Ба унвони бахше аз ин проект, мутахассисони ин марказ дар муассисаи таҳқиқоти радиология ва агрокологияи Русия ва муассисаи физикаи ҳастаӣ дар Қазоқистон омӯзиш диданд ва пас аз итмоми давраи омӯзишӣ гувоҳинома барои онон содир шуд.

 Акнун мутахассисони омӯзишдида, мутолиоти намунаҳоро бо истифода аз равишҳои илмӣ ва таҷҳизоти харидоришуда ба унвони бахше аз як проекти миллӣ анҷом медиҳанд.

 

  бештар бихонед:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп