Сентябр 07, 2022 16:53 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии намояндаи расмии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон
    Муаррифии намояндаи расмии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Раймундус Кароблис устуворномаи худро ба Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тақдим кард.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои минтақаӣ табодули назар карданд.

Муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни табрик ба Раймундус Кароблис дар ин симат, барои вай дар анҷоми маъмурияти дипломатӣ дар Тоҷикистон орзӯи муваффақият кард.

Пеш аз ин Мерлин Ҷозефсон раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон буд.