Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нахуствазири Англия
(last modified Thu, 08 Sep 2022 04:38:23 GMT )
Сентябр 08, 2022 09:38 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нахуствазири Англия

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нахуствазири ҷадиди Англия табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме интисоби Лиз Трасс ба унвони нахуствазири Англияро табрик гуфт.

Дар паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба ҳайси Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимии ин ҷонибро иброз менамоям.

Дар ибтидои соли равон кишварҳои мо 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиашонро таҷлил намуданд.

Тайи ин давра мо ба таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса зоҳир намуда, ҳамеша алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Изҳори умед менамоем, ки дар давраи фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ муносиботи ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб судманд ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, бо мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъйю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти минбаъдаатон пирӯзиҳои навин, ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».