Сентябр 08, 2022 17:27 Asia/Dushanbe
  • Сохти бузургтарин корхонаи  симент дар Қубодиён
    Сохти бузургтарин корхонаи  симент дар Қубодиён

Тавофуқи бузургтарин корхонаи симент дар Қубодиён имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ширкати Ориён инвест, ки зери маҷмуъаи Ориён Бонк аст корхонаи тавлиди симентро дар ноҳияи Қубодиёни минтақаи Хатлон эҳдос мекунад.

Саъди Қодирзода, раиси кумитаи Сармоягузории Тоҷикистон дар ҳошияи маросими имзои тафоҳумномаи эҳдоси корхонаи симент гуфт: Ин иқдом дар чорчуби тарҳи саноатисозии кишвар анҷом шуд ва мунтабиқ бо ҳадафи афзоиши зарфияти тавлиди саноати кишвар аст вай афзуд: Бар асоси тавофуқи эҳдоси сохти ширкат дар ду марҳала иҷро мешавад ду зарфияти тавлиди то 2 миллион тонна симентро дар сол дорад.

У изҳор кард барои таъсиси ширкат 160 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ ҷазб шуда аст, гуфта мешавад  пас аз эҳдоси ширкати сименти ноҳияи  Қубодиён барои 1300 нафар шуғл эҷод мешавад.

Дар ҳоли ҳозир 16 ширкати тавлиди симент дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки солона 5.6 миллион тонна маҳсул тавлид мекунанд.