Сентябр 08, 2022 18:01 Asia/Dushanbe
  • Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлолияти кишвар
    Табрики раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлолияти кишвар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон сивуякумин солгарди истиқлолияти кишварро ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ гуфт: Истиқлол Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон наздиктар кард.

Ӯ дар идома афзуд: Мардуми шарифи мо, ки масири таърихии беш аз се даҳҳаи пур аз монеъҳо ва мушкилотро бо сарбаланди паймуданд аммо сарафроз хуб медонанд, ки аз даврони бисёр душвор хомуш кардани оташи ҷанги дохилии таҳмили, бозсозии аркони кишвари ва сохторҳои давлати маъюб ва нотавон барои расидан ба ҷойгоҳи имрӯзи Тоҷикистон чи талоши зиёди лозим буд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки истиқлолияти давлати фурсати таърихии беназиреро барои мардуми мо эҷод кард то зери парчами миллии худ муттаҳид шаванд ва бо кори ахлоқи ва созанда бар мавонеъи душвор ғалаба кунанд.

Вай наҷоти кишвари тозаистиқлол ёфтаи Тоҷикистон аз вартаи нобуди ва таъмини сулҳ ва оромиш ва ваҳдати миллиро муҳимтарин дастоварди се даҳҳаи гузаштаи кишвар муъарифи кард. Раиси Ҷумуҳурии Тоҷикистон гуфт: Бисёр муҳим аст, ки қарди кишвари мустақили худро бидонем ва фаромуш накунем, ки танҳо доштани як кишвари мустақил метавонад ҷойгоҳи шоистае дар ҷомеъаи башари дошта бошем.

Вай афзуд: Дар солҳои истиқлол бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳрон ва фарояндҳои мухталифи байналмиллаллӣ, рушди оромии кишвар тазмин шуд Тоҷикистон имрӯз бо 180 кишвар равобити дипломотик ва дустона дорад ва дар 57  созмони байналмиллалӣ ва минтақави узв аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми кишвар зиндагии шод, мувафақият, баракат ва сулҳу суботи  сиёсӣ ва ваҳдати миллии абади барои Тоҷикистон орзу кард.