Баргузории ҷашни сивуякумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Fri, 09 Sep 2022 12:19:01 GMT )
Сентябр 09, 2022 17:19 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз 31 -умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
    Таҷлил аз 31 -умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Маросими таҷлил аз сивуякумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо ҳузури раиси ҷумҳурӣ, раиси маҷлис ва ҷамъи зиёде аз мардум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, маросими таҷлил аз сивуякумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ва ҷамъи зиёде аз мардум барпо шуд.

Дар ибтидои ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамроҳи шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон майдони «Истиқлол» ва маҷмӯаи меъмории намоди «Истиқлол» -ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ва сипас дар барномаи бузурги фарҳангӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Ӯ истиқлоли давлатии Тоҷикистонро оғози давраи комилан нав дар таърихи кишвардории тоҷикон, марҳилаи ҷадид дар шаклгирии ҳувияти миллӣ ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон унвон ва ифтитоҳи чунин майдони зебову маҷмӯаи бошукӯҳи меъморӣ ба унвони намоди истиқлолу озодиро аз дигар дастовардҳои сокинони кишвар унвон кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз бунёди муҷассамаи «Истиқлол» дар пойтахти Тоҷикистонро пеш аз ҳар чизе ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми тоҷик, таҷассуми аркони муҳими кишвардорӣ, иртиқои эҳсоси худогоҳии миллӣ ва тақвияти зеҳну шуури шаҳрвандони ин кишвар, ба вижа навҷавонону ҷавонон хонд.

Ӯ афзуд, дар оянда низ мо бояд бо иттиҳоду инсиҷому талошҳои созанда сарзамини аҷдодии худро боз ҳам ободтару зеботар кунему тамоми тавонро барои тавсеаи кишвари мустақили худ ва афзоиши шуҳрати он дар арсаи байналмилалӣ муттаҳид кунем.

Э. Раҳмон гуфт, рӯйдодҳои ҷорӣ дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз ба ҳар як аз мо ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша барои ҳифзи истиқлолу ҳимоят аз манофеи кишвару миллати худ ҳушёр ва омода бошем.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поён барои мардуми тоҷик сулҳу оромиш, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафту рифоҳ орзӯ кард.