Табрики сарони кишварҳо ба Эмомалӣ Раҳмон дар сивуякумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
(last modified Fri, 09 Sep 2022 12:42:12 GMT )
Сентябр 09, 2022 17:42 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи намояндагони кишварҳои хориҷӣ
    Табрики солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи намояндагони кишварҳои хориҷӣ

Мақомоти баландпояи кишварҳои мухталиф бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ба раиси ҷумҳурӣ ва мардуми Тоҷикистон, фаро расидани сивуякумин солгарди истиқлоли ин кишварро табрик гуфтанд.

Мақомоти аршади кишварҳову созмонҳои байналмилаливу минтақаӣ ва бархе сиёсатмадорони машҳур дар паёмҳои ҷудогона ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31-умин солгарди истиқлоли ин кишварро табрик гуфтанд.

Дар ин паёмҳо бар дастовардҳои чашмгири Тоҷикистон дар солҳои истиқлол дар заминаҳои давлатсозӣ, тавсеаи пойдори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва иртиқои сатҳи зиндагии мардуми ин кишвар таъкид шудааст.

Илова бар ин, нақши физояндаи ин кишвар дар умури минтақаӣ ва байналмилалӣ ва тақвияти мустамари эътибори он дар арсаи ҷаҳонӣ аз тариқи мушорикати созандаву фаъол дар ҳалли масоили муҳими байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Ҳамзамони сарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, сиёсатмадорону афроди саршинос ба мардуми Тоҷикистон сулҳ, суботу шукуфоии бештар ва ба раиси ҷумҳурии ин кишвар саодату муваффақияти беш аз пеш дар фаъолиятҳояш орзӯ кардаанд.

Тоҷикистон 31 соли пеш дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ истиқлоли худро ба даст овард ва Эрон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли ин кишварро ба расмият шинохту сафоратхонаи худро ба унвони нахустин дафтари намояндагии хориҷии Душанбе кушод.