Сентябр 10, 2022 12:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 170 дарсадии ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Чин

Тайи 7 моҳи соли ҷории милодӣ ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Чин ҳудӯди 170 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Тайи 7 моҳи соли ҷории милодӣ ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Чин беш аз 766 миллиондолларро ташкил додааст, ки дар қиёс бо давраи мушобеҳи як сол ҳудӯди 314 миллиондоллар буда ва ҳокӣ аз рушди 170 дарсадӣ мебошад.

Ин нукта дар давоздаҳумин нишасти Комиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистону Чин, ки ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд, матраҳ гардид.

Гуфта шуд, бинобар талошҳое, ки дар ҷиҳати таҳкими равобити дуҷониба ва чандҷониба сӯрат гирифт, саҳми Чин дар мубодилоти бозаргонии Тоҷикистон ба 18.5 дарсад расид ва дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт.

Ду тараф дар ин нишаст перомуни заминаҳои густариши таомулоти муассир дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, санъатӣ, энержӣ, омӯзишӣ, илмӣ, кишоварзӣ, фанноварӣ ва ғайра гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Дар ин нишаст иҷрои пружаҳое, ки дар чорчӯби кумакҳои фаннии солонаи давлати Чин ба Тоҷикистон дар ростои таҳаққуқи таъсисоти зербиноӣ ихтисос дода мешавад, муҳим арзёбӣ шуд.

Дар умум, Тоҷикистон ба Чин ҳудуди даҳ номгӯй молу маҳсулот содирот кардааст, ки беш аз 99 дарсадаш тилою маъдани дорои консентрати металҳои гаронбаҳо мебошад, содирот кардааст. Рӯйхати молҳои воридотӣ аз Чин зиёда аз се ҳазор номгӯйи маҳсулотро дар бар мегирад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп