Сентябр 11, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз Истиқлолияти Тоҷикистон дар пойгоҳи низомии 201 русия
    Таҷлил аз Истиқлолияти Тоҷикистон дар пойгоҳи низомии 201 русия

Кормандони пойгоҳи низомии 201-и Русия солрӯзи Истиқлолро ба куҳнасарбозони Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Ба гузориши “Спутник”, намояндагони пойгоҳи низомии 201 –и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, иди миллӣ - Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистонро ба куҳнасарбозон табрик гуфтанд.

Сайидаҳмад Давлатов, раиси созмони хусусии "Бародарони мубориз" нишони дорои лавҳҳои ифтихории худро ба таври намодин ба куҳнасарбозон эҳдо кард.

Ҳамчунин фармондеҳии воҳиди саворанизом ба раҳбарии сохторҳои қудратӣ ва дифоии Тоҷикистон номаи табрикӣ ирсол кард.

Пойгоҳи низомии 201 –и Русия воқеъ дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар аст.