Маросими солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар пойгоҳи 201 Русия
Сентябр 11, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
Кормандони пойгоҳи низомии 201-и Русия солрӯзи Истиқлолро ба куҳнасарбозони Тоҷикистон табрик гуфтанд.
Ба гузориши “Спутник”, намояндагони пойгоҳи низомии 201 –и Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, иди миллӣ - Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистонро ба куҳнасарбозон табрик гуфтанд.
Сайидаҳмад Давлатов, раиси созмони хусусии "Бародарони мубориз" нишони дорои лавҳҳои ифтихории худро ба таври намодин ба куҳнасарбозон эҳдо кард.
Ҳамчунин фармондеҳии воҳиди саворанизом ба раҳбарии сохторҳои қудратӣ ва дифоии Тоҷикистон номаи табрикӣ ирсол кард.
Пойгоҳи низомии 201 –и Русия воқеъ дар Тоҷикистон бузургтарин маркази низомии Русия дар хориҷ аз марзҳои ин кишвар аст.