Сентябр 11, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Эмгузаронии
    Эмгузаронии "сурхак" дар Тоҷикистон

Ваксинатсия ё эмгузаронии ройгони бемории “сурхак” дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рашту Нуробод аз 5 сентябр оғоз шудааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, ин тарҳ то 15 сентябр идома дорад.

Наврӯз Ҷаъфаров, раиси идораи амнияти саломати Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, кӯдакони зери 15 сол бо дозаи таъйидшудаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт алайҳи “сурхак” ваксина мешаванд.

Вай афзуд, эмгузаронӣ бар асоси листи Вазорати тандурустӣ дар соири манотиқи кишвар низ барномарезӣ шудааст ва масъулон мунтазири хариди ваксина ҳастанд.

Ин мақоми Вазорати тандурустӣ ба таври мушаххас ба иҷборӣ ё ихтиёрӣ будани ваксинатсияи ин бемориҳо дар мактабу маҳди кӯдакҳо ишора накард.

“Сурхак” - бемории гузаранда аст ва вирусҳое, ки дар қатраҳои хурди хилт, оби даҳони бемор ҷамъ мешаванд, ҳангоми сурфа, атса ва суҳбат кардан ба фарди дигаре мунтақил мешаванд.