Сентябр 11, 2022 15:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия

Табодулоти тиҷории Тоҷикистону Русия дар нимаи аввали соли 2022 нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 20 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши “Спутник”, ин матлабро Денис Мантуров, вазири санъату тиҷорати Русия дар дидор бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанноварии ҷадиди Тоҷикистон баён кард.

Мантуров ба вазъияти мушорикати вижаи равобити иқтисодии дуҷониба ишора кард, ки аз ҷумла бо пӯёии мусбати тиҷорати мутақобил байни Русияву Тоҷикистон таъйид мешавад.

Илова бар ин, дар ин дидор тарафайн дар мавриди чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои муҳим, аз ҷумла метолуржӣ, таҷҳизоти маъдан,  саноеи сабук ва масолеҳи сохтмонӣ баҳсу табодули назар карданд.

Душанбе ва Маскав ҳамчунин тавофуқ карданд, ки ҳамкорӣ бар асоси паркҳои санъатӣ ва манотиқи озоди иқтисодиро фаъол кунанд.