Тиҷорати 2.9 миллиард долларии Тоҷикистон бо аъзои Шанхай
(last modified Tue, 13 Sep 2022 08:01:40 GMT )
Сентябр 13, 2022 13:01 Asia/Dushanbe
  • Тиҷорати 2.9 миллиард долларии Тоҷикистон бо аъзои Шанхай
    Тиҷорати 2.9 миллиард долларии Тоҷикистон бо аъзои Шанхай

Ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Шанхай аз аввали соли ҷорӣ беш аз 2 миллиарду 871.4 миллион доллар буда аст.

Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Шанхай ба маблағи ҳудуди 2.9 миллиард доллар тиҷорат дошта аст.

Бар асоси хадамоти гумрук, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо бархе кишварҳои узви Созмони Ҳамкори Шанхай аз ҷумла Қирғизистон ва Покистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ коҳиш ёфта аст.

Ҳамзамон дар ин муддат тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Қазоқистон, Русия, Чин, Узбакистон ва Ҳинд рушд дошта аст. Мизони тиҷорати Душанбе бо дигар кишварҳои узви Шанхай дар ин муддат беш аз 2.8 миллиард доллар баровард шуд, ки беш аз 2.1 миллиард доллар аз он ба воридоти маҳсулоти мухталиф аз кишварҳои Созмони Ҳамкори Шанхай ба Тоҷикистон марбут аст.

Русия, Қазоқистон, Чин ва Узбакистон аз ҷумла шарикони аслии тоҷирони Тоҷикистон дар Созмони Ҳамокри Шанхай ҳастанд,  ҳаҷми тиҷорат бо ин кишварҳо дар ин давра беш аз 2 миллиарду 770.9 миллион доллар баровард шуда аст.

Мубодилаи тиҷоӣ байни Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар ин муддат манфи буда аст яъне воридоти коло аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон ба сурати чашмгир аз содирот бештар аст.

 

Бештар бихонед: