Декабр 05, 2016 15:47 Asia/Dushanbe
  • Эъломи мавзеи Тоҷикистон дар бораи Афғонистон дар Конфронси “Қалби Осиё”

Тоҷикистон дар конфронси мавсум ба “Қалби Осиё-раванди Истанбул” мавзеи усулии худро дар бораи Афғонистон эълом кард.

Ба иттилои сайти Авесто, дар ин конфронс, ки бо суханронии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ва Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд кори худро оғоз кард, ҳайъате аз ҷумҳурии Тоҷикистон ба раҳбарии Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин конфронс, таи суханоне мавзеи усулии Тоҷикистонро таъмини сулҳу субот дар Афғонистон унвон кард.

Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, мушкили Афғонистон танҳо бо роҳи низомӣ ҳал намешавад, балки дар ҳоли ҳозир ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар дараҷаи аввали аҳаммият қарор дорад.

Дар ин конфронс, мавзуи Афғонистон низ дар канори соири мавзуоти муҳими минтақаӣ маврид таваҷҷуҳ буд ва бар амалиётӣ шудани тарҳи КАСА-1000 ва хатти оҳани пайванддиҳандаи Афғонистон бо Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирқизистон ва Чин таъкид шуд.

Кишварҳои ширкаткунанда дар поёни ин нишаст эълом карданд, конфронси баъдии “Қалби Осиё-раванди Истанбул” дар соли 2017 дар ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор хоҳад шуд.

Конфронси “Қалби Осиё-раванди Истанбул” нишасте сиёсӣ бо меҳварияти Афғонистон ва бо ибтикори ин кишвар буда, ки аз матни нишасти соли 2011-и Истанбул дар мавриди ҳамкориҳои минтақаӣ барои Афғонистон берун омадааст.

Шашумин конфронси вазирони хориҷаи “Қалби Осиё-раванди Истанбул”, рӯзи гузашта дар шаҳри Амритсари Ҳинд ба кори худ поён дод.