Сентябр 14, 2022 15:52 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи 2 солаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт
    Имзои тавофуқномаи 2 солаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Вазири тандурустии Тоҷикистон ва мудири дафтари минтақаӣ Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо тавофуқномаи нави ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон, ин саданро Ҷамолиддини Ҳусайнзода, вазири тандурустии Тоҷикистон ва Ҳонс Клюге, мудири дафтаи минтақаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо дар ҳошияи ҳафтодуюмин иҷлоси кумитаи минтақаи Созмони ҷаҳонии беҳдошти имзо карданд.

Ба асоси гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон санади мазкур шомили ҳадафҳо ва барномаҳои муҳим дар заминаи тақвияти системаи беҳдоштии ин кишвар аст, ки барои иҷрои онҳо Созмони ҷаҳонии беҳдошт кумакҳои фанни ва моли ироа хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир мизони ин кумакҳои молӣ ва фаннии Созмони ҷаҳонии бедошт ба Тоҷикистон мушахас нашуда аст.