Сентябр 14, 2022 16:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар феҳрасти созмони террористӣ қарор гирифт
    Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар феҳрасти созмони террористӣ қарор гирифт

Додгоҳи олии Русия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба унвони як созмони террористӣ эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Додгоҳи олии Русия дар ҷаласаи имрӯз чаҳоршанбе, ки пушти дарҳои баста сурат гирфт Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро як созмони террористӣ эълом ва фаъолияти он дар қаламрави ин кишварро мамнуъ кард.

Пеш аз ин Додситонии кулли Русия аз Додгоҳи олии ин кившар хоста буд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ шинохта ва фаъолияти онро мамнуъ эълом кунад.

Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ аз моҳи сентябри соли 2015 мамнуъ шуда буд.

Пеш аз ин мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон унвон карда буданд, ки мамнуъияти фаъолияти ни ҳизб дар Русия чизеро барои ин ҳизб тағир намедиҳад, зеро ин ҳизб дар ин кишвар фаъолияти надорад, аммо мумкин аст ҳазорон шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият таҳти пайгирии қонунӣ қарор гиранд.