Сарбози дуввуми кушташударо дар Бохтар ба хок супориданд
(last modified Fri, 16 Sep 2022 15:08:53 GMT )
Сентябр 16, 2022 20:08 Asia/Dushanbe
  • Сарбози дуввуми кушташударо дар Бохтар ба хок супориданд

Ӯ дар даргириҳои марзии ду рӯз пеш ҳалок шуда буд.

Дирӯз, 15-уми сентябр, Аслан Менеқулови 19-сола, сарбози дуввуми кушташуда дар муноқишаи марзии рӯзи 14-уми сентябри соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро, дар зодгоҳаш шаҳри Бохтар, ба хок супориданд. Дар ин бора бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Бохтар хабар додааст.

Манбаъ бо нашри як акс аз маросими бахоксупории ин сарбоз навиштааст, ки Аслан Менеқулов зимни адои хизмати ҳарбӣ, баҳри ҳимояи хоки Ватан, дар хати сарҳади шаҳри Исфара, дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ ҳалок гардад.

Гуфта мешавад, ки Аслан Менеқулов 3-юми  августи соли 2003, дар шаҳри Бохтар, ба дунё омада, соли 2021 ба артиш ҷалб шуда буд.

Дирӯз, ҳамчунин, Сафаралии Ҳасани 23-сола, сарбози дигари кушташуда дар пайи тирпаронии рӯзи 14-уми сентябро дар зодгоҳаш, ноҳияи Восеъ ба хок супориданд.

Гуфта мешуд, ки Сафаралӣ тирамоҳи соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ рафтаву то анҷоми муҳлати хидматаш ду ҳафта боқӣ монда буд.

Дар бораи ин ду марзбони кушташуда ҷузъиёти бештар дода намешавад.

Дафни ду сарбози кушташуда дар ҳолест, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод, ки бар асари он, то зӯҳр як марзбони тоҷик кушта ва чанде захмӣ шуданд.