Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Қазоқистон
Сентябр 18, 2022 09:16 Asia/Dushanbe
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад
Ба гузориши Садои Хуросон, ин матлаб дар дидори Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Валихон Турахонов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон матраҳ шуд.
Дар ин дидор тарафайн дар мавриди баргузории рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон ва рӯзҳои фарҳанги синамо дар Тоҷикистон гуфтугӯ кардаанд.
Ҳамчунин дар мавриди ҳузӯри намояндагони Қазоқистон дар шонздаҳумин давраи бозиҳои ҷавонони кишварҳои Муштаркул манофеъ, ки дар октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад табодули назар шуд.
Барчасп