Даромади 900 миллиондолларии Русия аз судури муҷаввизи кор барои муҳоҷирони кории тоҷик
Русия аз судури муҷаввизи фаъолият барои муҳоҷирони кории тоҷик дар соли гузаштаи мелодӣ ҳудуди 900 миллион доллар даромад касб кардааст.
Ба гузориши “Форс”, ин матлабро Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар посух ба суоли яке аз расонаҳои Русия эълом ва таъкид кард, ки ҳамкории ду кишвар дар заминаи муҳоҷират дар сатҳи хубе қарор дорад.
Вай афзуд, дар ин ҳавза таомул байни сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Русия равиши хубе барои ҳаллу фасли фаврии масоили навзуҳур вуҷуд дорад.
Муҳриддин гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври физояндае алоқаманд ба иқомати қонунӣ ва кор дар Русия ҳастанд ва ин воқеият, ки фақат дар соли 2021 мелодӣ шаҳрвандони ин кишвар беш аз 700 ҳазор муҷаввизи кору фаъолият дар Русия дарёфт кардаанд, баёнгари ин амр аст.
Вай афзуд, соли 2021 муҳоҷирони кории тоҷик барои дарёфти муҷаввизи кор 48 миллиард рубл (ҳудуди 900 миллион доллар) ба буҷети Русия пардохт кардаанд.
Муҳриддин зимни суҳбат дар мавриди ҳамкории тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон ва Русия гуфт, ки дар натиҷа соли гузаштаи мелодӣ Русия дар феҳристи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар мавқеияти аввал қарор дорад.
Бинобари суханони вай, дар соли гузаштаи мелодӣ арзиши тиҷорат байни ду кишвар тақрибан 1. 4 миллиард доллар (1 миллиону 353 ҳазор доллар) буда ва дар 8 моҳаи аввали соли ҷорӣ ин мизон ба беш аз 900 (908. 1) миллион доллар расидааст.